Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Аз он кўҳ наздики Пирон шавад,
Фаровон бигўяд сухан, бишнавад.
Бад-ў гуфт: «Рав, пеши Пирон хиром
Яке хуб наздики ў бар паём.
Бигўяш, ки кирдори гардонсипеҳр
Ҳамеша чунин буд бо кину меҳр.
Якеро барорад ба чархи баланд,
Якеро кунад хору зору нажанд.
1325 Касе, к-ў балоҷўи гурдон бувад.
Шабехун на оини мардон бувад.
Шабехун наҷўянд кундоварон,
Касе, к-ў гирояд ба гурзи гарон.
Ту гар бо дирангӣ, диранг оварем,
В-арат рои ҷанг аст, ҷанг оварем.
Яке моҳ бояд замони диранг,
Ки то хастагон бозёбанд чанг».
Зи пеши Фарибурз Руҳҳоми гурд
Бурун рафту пайғоми нома бибурд.
1330 Биёмад, талоя бидидаш ба роҳ,
Бипурсидаш аз ном в-аз ҷойгоҳ.
Бад-ў гуфт: «Руҳҳоми ҷангӣ манам,
Ҳунарманду бедору сангӣ манам.
Паёми Фарибурзи Ковусшоҳ
Ба Пирон расонам бад-ин ҷойгоҳ».
Зи пеши талоя саворе чу гард
Биёмад, суханҳо ҳама ёд кард,
Ки «Руҳҳоми Гударз аз он размгоҳ
Биёмад бари паҳлавони сипоҳ».
1335 Бифармуд, то пеши ў оваранд,
Кушодадилу тозарў оваранд.
Сароянда Руҳҳом шуд пеши ўй,
Ба тарс аз ниҳони бадандеши ўй.
Чу Пирон варо дид, бинвохташ,
Бипурсиду бар тахт биншохташ.
Баровард Руҳҳом роз аз нуҳуфт,
Паёми Фарибурз бо ў бигуфт.
Чунин гуфт Пирон ба Руҳҳоми гурд,
Ки «Ин корро хурд натвон шумурд,
1340 Шуморо буд ин пешдастӣ ба ҷанг,
Надидем бо Тус ҷои диранг.
Ба марз андаромад чу гурзи сутург,
Ҳаме кушт бебок хурду бузург.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё