Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Надиду ялону сипаҳро надид,
Ба кирдори оташ дилаш бардамид.
Инон кард печон ба роҳи гурез,
Баромад зи гударзиён растахез.
Бад-ў гуфт Гев: «Эй сипаҳдори пир,
Басе дидаӣ гурзу кўполу тир.
Агар ту зи Пирон бихоҳӣ гурехт,
Бибояд ба сар-бар маро хок бехт.
1400 Намонад касе зинда андар ҷаҳон
Зи гурдону аз кордида меҳон.
Зи мурдан марову туро чора нест,
Дирангитар аз марг патёра нест.
Чу пеш омад ин рўзгори дурушт,
Туро рўй бинанд беҳтар, ки пушт.
Напечам аз ин ҷойгаҳ сар зи ҷанг,
Наёрам бар ин хоки Кашвод нанг.
Зи доно ту нашнидӣ ин достон,
Ки баргўяд аз гуфтаи бостон,
1405 Ки гар ду бародар ниҳад пушт-пушт,
Тани кўҳро хок монад ба мушт.
Ту ҳастиву ҳафтод ҷангӣ писар,
Зи дуда басе пилу шерони нар.
Ба ханҷар дили душманон бишканем,
В-агар кўҳ бошад, зи бун барканем».
Чу Гударз бишнид гуфтори Гев,
Бидид он сару тарки хешони нев,
Пушаймон шуд аз донишу рои хеш,
Бияфшурд бар ҷойгаҳ пои хеш.
1410 Гуроза бурун омаду Густаҳам,
Або Бартаву гурди Занга ба ҳам.
Бихўрданд савгандҳои гарон,
Ки паймон шикастан набуд андар он,
К-аз ин размгаҳ барнатобем рўй,
Гар аз гурз хун андарояд ба ҷўй.
Ҳама яксара пушт-пушт оварем,
Магар номи рафта ба мушт оварем.
Пас он ҷойгаҳ пой бифшорданд,
Ба разм-андарун гурз бугзорданд.
1415 Зи душман басе номвар кушта шуд,
Замона ҳаме бар бадӣ гашта шуд.
Ба Бежан чунин гуфт Гударзи пир,
К-«Аз эдар бирав тез бо гурзу тир
Ба сўи Фарибурз баркаш инон,
Ба пеши ман ор ахтари ковиён.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё