Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

В-агар худ Фарибурз бо он дурафш
Биёяд, кунад рўи гетӣ бунафш».

Чу бишнид Бежан, барангехт асп,
Биёмад ба кирдори Озаргушасп.

1420 Ба назди Фарибурзу бо ў бигуфт,
Ки «Эдар чӣ монӣ ҳаме дар нуҳуфт?

Инонро чу гурдон яке баргирой,
Бар ин кўҳсар з-ин фузунтар мапой!

В-агар ту наёӣ, ба ман деҳ дурафш,
Саворону ин теғҳои бунафш».

Чу Бежан сухан бо Фарибурз гуфт,
Накард ў хирад бо дили хеш ҷуфт.

Яке бонг барзад ба Бежан, ки «Рав!
Ту дар кор тундиву дар ҷанг нав.

1425 Маро шоҳ дод ин дурафшу сипоҳ,
Ҳам ин паҳлавониву тахту кулоҳ.

Дурафш аз дари Бежани Гев нест,
На андар ҷаҳон сар ба сар нев нест».

Яке теғ бигрифт Бежан бунафш,
Бизад ногаҳон бар миёни дурафш.

Ба ду нима кард ахтари ковиён,
Яке нима бигрифту рафт аз миён.

Биёмад, ки орад ба назди сипоҳ,
Чу туркон бидиданд ахтар ба роҳ,

1430 Яке шердил лашкаре ҷанҷўй,
Ҳама сўи Бежан ниҳоданд рўй.

Кашиданд кўполу теғи бунафш,
Ба пайкори он ковиёнӣ дурафш.

Чунин гуфт Ҳуммон, ки «Он ахтар аст,
Ки нерўи Эрон бад-ў андар аст.

Дурафши бунафш ар ба чанг оварем,
Ҷаҳон бар дили шоҳ танг оварем».

Камонро ба зеҳ кард Бежан чу гард,
Бар эшон яке тирборон бикард.

1435 Сипаҳро ба тир аз бараш дур кард,
Ҳаме гурги даррандаро сур кард.

Бигуфтанд бо Геву бо Густаҳам,
Саворон, ки буданд бо ў ба ҳам,

Ки аз мо бирафтанд туронсипоҳ,
Магар Бежан ахтар биёрад ба роҳ,

Зи гурдони Эрон диловар сарон
Бирафтанд бо гурзҳои гарон.

пешина
аз 234
навбатӣ