Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бикуштанд аз эшон фаровон савор,
Биёмад дамон Бежани номдор.

1440 В-аз он ҷойгаҳ то ба назди сипоҳ
Гаронмоягон баргирифтанд роҳ.

Ҳаме рафт Бежан чу шери жиён,
Ба даст-андарун ахтари коваён.

Сипоҳ андаромад ба гирди дурафш,
Ҳаво шуд зи гарди саворон бунафш.

Дигарбора аз ҷой бархостанд,
Бар он дашт разми нав оростанд.

Ба пеши сипаҳ кушта шуд Ревниз,
Ки Ковусро буд чу ҷони азиз.

1445 Яке тоҷвар шоҳу кеҳтар писар
Ниёзи Фарибурзу ҷони падар.

Сари тоҷвар андаромад ба хок,
Басе номвар ҷома карданд чок.

Аз он пас хурўше баровард Гев,
Ки «Эй номдорону гурдони нев,

Чу Реве набуд андар ин размгоҳ
Ба пеши Фарибурзи Ковусшоҳ.

Наберу писар пушти Ковуси пир
Табаҳ шуд, бад-ин ҷойгаҳ хир-хир.

1450 Фуруди Сиёвушу чун Ревниз
Ба гетӣ шигифтӣ фузун з-ин чӣ низ?

Агар тоҷи он шаҳрёри ҷавон
Ба душман расад, шарм дорем аз он

В-агар ман биҷунбам аз ин размгоҳ,
Шикаст андарояд ба эронсипоҳ.

Набояд, ки он афсари шаҳрёр
Ба душман расад дар сафи корзор.

Фазояд бар ин нангҳо нанг низ
Аз ин афсару куштани Ревниз».

1455 Чунон буд, ки бишнид овози Гев
Сипаҳбад сарафроз Пирони нев.

Ба наввӣ баромад яке корзор
Зи лашкар бар он афсари номдор.

Фаровон зи ҳар ду сипаҳ кушта шуд,
Сари бахти эрониёнгашта шуд.

Баровехт чун шер Баҳроми гурд,
Ба найза ба эшон яке ҳамла бурд.

Ба нўки синон тоҷро баргирифт,
Ду лашкар бад-ў монд андар шигифт.

пешина
аз 234
навбатӣ