Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Або хешу пайванд ҳар як ба зор
Бикарданд мўя бар он кўҳсор.

Чунин аст кирдори ин чархи пир,
Ба ҳарч ў бигардад, бувад ногузир.

Абар кас ба гардиш варо меҳр нест,
Ҳаме душману дўст наздаш якест.

1485 Чу з-афроз шуд бахт сар бар нишеб,
Сазад, гар бувад мардро з-ў ниҳеб.

Бозгаштани Баҳром ба ҷустани
тозиёна ба размгоҳ

В-аз он пас чу ҳар ду сипаҳ орамид,
Шаби тира як баҳра андар кашид,

Давон рафт Баҳром пеши падар,
Ки «Эй боби номовари пурҳунар,

Бад-он гаҳ, ки он тоҷ бардоштам,
Ба найза ба абр - андар афроштам,

Яке тозиёна зи ман гум шудаст,
Чу гиранд бемоя туркон ба даст,

1490 Ба Баҳроми пурмоя бошад фусўс,
Ҷаҳон пеши чашмам бувад обнўс.

Набишта бар он чарм номи ман аст,
Сипаҳдори туркон бигирад ба даст.

Шавам зуд, тозона боз оварам,
Агарчанд ранҷи дароз оварам.

Маро ин бад аз ахтар ояд ҳаме,
Ки номам ба хок андарояд ҳаме.»

Бад-ў гуфт Гударзи пир: «Эй писар,
Ҳаме бахти хеш андарорӣ ба сар.

1495 Зи баҳри яке чўби бастадувол,
Шавӣ хира андар дами бадсигол».

Чунин гуфт Баҳроми ҷангӣ, ки «Ман
Наям беҳтар аз дудаву анҷуман.

Ба ҷое тавон буд, ки ояд замон,
Ба кажжӣ чаро бурд бояд гумон?»

Бад-ў гуфт Гев: «Эй бародар, марав,
Фаровон маро тозиёнаст нав.

Яке дастаро симу зар-андар аст,
Ду даста ба хушшоб пургавҳар аст.

1500 Фарангис чун ганҷ букшод дар,
Маро дод чандон силеҳу камар.

пешина
аз 234
навбатӣ