Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Ман ин диръу тозона бардоштам,
Ба Турон дигар хор бугзоштам.
Яке низ бахшид Ковусшоҳ,
Зи гавҳар ба сони фурўзанда моҳ.
Дигар панҷ дорам ҳама зарнигор,
Бар ў бофта гавҳари шоҳвор.
Туро бахшам ин ҳафт, аз эдар марав,
Яке ҷанг хира маёрой нав».
1505 Чунин гуфт бо Гев Баҳроми гурд,
Ки «Ин нангро хор натвон шумурд.
Шуморо зи рангу нигор аст гуфт,
Маро он ки шуд ном бо нанг ҷуфт.
Гар эдун, ки тозона боз оварам
Ва ё сар ба кўшиш ба гоз оварам».
Бар ў рои Яздон дигаргуна буд,
Ҳама гардиши бахт вожуна буд.
Ҳам он гаҳ, ки бахт андарояд ба хоб,
Сари мард беҳуда гирад шитоб.
1510 Бизад аспу омад бар он размгоҳ,
Дурахшон шуда рўи гетӣ зи моҳ.
Ҳаме зор бигрист бар куштагон,
Бар он доғдил, бахтбаргаштагон.
Тани Ревниз андар он хуну хок
Шуда ғарқу хафтон бар ў чок-чок.
Бар ў зор бигрист Баҳроми шер,
Ки зор, эй савору ҷавони далер.
Чи ту кушта акнун, чи як мушти хок,
Бузургон ба айвон, ту андар мағок.
1515 Ба гирди бародар якояк бигашт,
Ки буданд афканда бар паҳндашт.
Аз он номдорон яке хаста буд,
Ба шамшер аз эшон ба ҷон раста буд.
Ҳаме боздонист Баҳромро,
Бинолиду пурсид аз ў номро.
Бад-ў гуфт, к-«Эй шер, ман зиндаам,
Бари куштагон-андар афкандаам.
Ду рўз аст, то нону об орзуст,
Маро бар яке ҷома хоб орзуст».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё