Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Зи лашкар биёмад бари ў Тажов,
Варо беш буд аз яке пил тов.
Зи Пирон бипурсиду Пирон бигуфт,
Ки «Баҳромро аз ялон нест ҷуфт.
1585 Ба меҳраш бидодам басе панди хуб,
Намудам бад-ў роҳу пайванди хуб,
Суханро набуд бар дилаш ҳеч роҳ,
Ҳаме роҳ ҷўяд ба эронсипоҳ».
Ба Пирон чунин гуфт ҷангӣ Тажов,
Ки «Бо меҳр ҷони варо нест тов.
Шавам гар пиёда, ба ҷанг орамаш,
Ҳам андар замон зери санг орамаш».
Биёмад шитобон бад-он размгоҳ,
Куҷо буд Баҳроми ял бесипоҳ.
1590 Чу Баҳромро дид, найза ба даст,
Яке бархурўшид чун пили маст.
Бад-ў гуфт: «Аз ин лашкари номдор
Раҳоӣ наёбӣ дар ин корзор.
Ба Эрон гурозид хоҳӣ ҳаме,
Саратро фарозид хоҳӣ ҳаме?
Саронро буридӣ, сар эдар бимон,
Гаҳ омад, ки бар ту сар ояд замон».
Ба ёрон-ш фармуд, к-андарниҳед,
Ба тиру ба жўпину ханҷар диҳед.
1595 Бар ў анҷуман шуд яке лашкаре,
Ҳар он кас, ки буд аз далерон саре.
Камонро ба зеҳ кард Баҳроми гурд,
Ба тир аз ҳаво равшаноӣ бибурд.
Чу тир испарӣ шуд, сўи найза гашт,
Чу дарёи хун шуд ҳама кўҳу дашт.
Чу найза қалам шуд, ба гурзу ба теғ
Ҳаме хун чаконид монанди меғ.
Чу размаш бад-ин гуна пайваста шуд,
Зи тири далерон танаш хаста шуд.
1600 Чу Баҳроми ял гашт бетўшу тов,
Паси пушти ў андаромад Тажов.
Яке теғ зад бар сари китфи ўй,
Далер андаромад зи боло ба рўй.
Ҷудо шуд зи тан дасти ҳанҷаргузор,
Фурў монд аз ҷангу баргашт кор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё