Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Нишаст аз бари бораи тундтоз,
Ҳаме рафту бо ў басе размсоз.
Биёмад, бад-ў гуфт, к-«Эй номдор,
Пиёда чаро сохтӣ корзор?
Ба Турон ту то бо Сиёвуш будӣ,
Хирадманду бедору хомуш будӣ.
Маро бо ту нону намак х(в)ардан аст,
Нишастан ҳамон меҳр парвардан аст.
1565 Набояд, ки бо ин нажоду гуҳар,
Бад-ин шермардиву чандин ҳунар
Зи боло ба хок андарояд сарат,
Бигиряд ба ту дудаву кишварат.
Биё, то бисозем савганду банд
Ба рое, ки ояд дилатро писанд.
В-аз он пас яке бо ту хешӣ кунам,
Чу хешӣ кунам, рои бешӣ кунам.
Пиёда ту бо лашкари номдор
Натобӣ, махур бо танат зинҳор».
1570 Бад-ў гуфт Баҳром, к-«Эй паҳлавон,
Хирадманду бинову равшанравон,
Се рўз аст, то ночарида лабон
Ҳаме разм созам ба рўзу шабон.
Маро ҳоҷат аз ту яке борагист,
В-агарна маро ҷанг якборагист.
Барад мар маро сўи озодагон,
Бари пир Гударзи Кашводагон».
Бад-ў гуфт Пирон, ки «Эй номҷўй,
Надонӣ, ки ин ройро нест рўй?
1575 Туро он беҳ ояд, ки гуфтам сухун,
Далериву бар хира тундӣ макун!
Бубин, то саворони ин анҷуман
Ниҳанд инчунин нанг бар хештан,
Ки чандин тан аз тухмаи меҳтарон,
Зи дайҳимдорону ҷанговарон
Зи пайкори ту хаставу кушта шуд,
Бад-ин разм дар хок оғушта шуд,
Кӣ ҷўяд гузар сўи Эрон кунун,
Магар он ки ҷўшад варо мағзу хун?
1580 Агар нестӣ бими Афросиёб,
Ки гардад дилаш з-ин сухан пуршитоб,
Туро борагӣ додаме, эй ҷавон,
Бад-он то-т бурдӣ бари паҳлавон».
Бигуфт ину баргашту шуд боз ҷой
Дили пур зи меҳру сари пур зи рой.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё