Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
1620 Ба додори доранда савганд х(в)ард,
Ба рўзи сапеду шаби лоҷвард,
Ки «Ҷуз тарки румӣ набинад сарам,
Магар кини Баҳром бозоварам».
Пур аз дарду кина сабук барнишаст
Гирифта яке теғи ҳиндӣ ба даст.
Бад-он гаҳ ки шуд рўи гетӣ сиёҳ,
Тажов аз талоя баромад ба роҳ.
Чу аз дур Геви далераш бидид,
Инонро бипечиду дам даркашид.
1625 Чу донист, к-аз лашкар андаргузашт,
Зи гурдону гарданкашон дур гашт,
Зи фитрок букшод ҳамми каманд,
Даровард ногаҳ миёнаш ба банд.
Ба рон андаровард, бинмуд сифт,
Пас осонаш аз пушти зин баргирифт.
Ба хок андарафканд хору нажанд,
Фуруд омаду даст кардаш ба банд.
Нишаст аз бари аспу ўро кашон
Пас андар ҳаме бурд чун беҳушон.
1630 Чунин гуфт бо ў ба хоҳиш Тажов,
Ки «Бо ман намонд, эй далер, эч тов.
Чӣ кардам, ки з-ин бешумор анҷуман
Шаби тира дўзах намоӣ ба ман?»
Бизад бар сараш тозиёна дувист,
Чунин гуфт: «Ҳин, ҷои гуфтор нест!
Надонӣ ҳаме, эй бади шўрбахт,
Ки дар боғи кин тоза киштӣ дарахт,
Ки болош бо чарх ҳамсар шавад
Танаш хун хурад, бор ханҷар шавад?!
1635 Шикори ту Баҳром бояд ба ҷанг,
Бубинӣ кунун танг коми наҳанг.
Бад-он бад, ки Баҳром беҷон шудаст,
Зи дардаш дили Гев печон шудаст».
Чунин гуфт бо Геви ҷангӣ Тажов,
Ки «Ту чун уқобиву ман чун чаков.
Ба Баҳром бар бад набурдам гумон
На ўро ба дасти ман омад замон,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё