Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ки ман чун расидам, саворони Чин
Варо кушта буданд бар дашти кин».

1640 Бад-ў гуфт Гев: «Эй ҷафопеша мард,
Ба пўзиш магў ин суханҳои сард!»

Кашонаш биёвард Геви далер
Ба пеши ҷигархаста Баҳроми шер.

Бад-ў гуфт, к-«Инак сари бевафо
Мукофот созам ҷафоро ҷафо.

Сипос аз ҷаҳонофарин кирдгор,
Ки чандон замон будам аз рўзгор,

Ки пеш аз ту ҷони бадандеши ту
Барорам кунун аз танаш пеши ту».

1645 Ҳаме кард хоҳиш мар ўро Тажов,
Ҳаме хост аз куштани хеш тов.

Ҳаме гуфт, к-«Ин буданӣ кор буд,
Сари ман ба ханҷар дарудан чӣ суд?»

Биғалтид бар хоку овоз кард,
Ба Баҳром гуфто, ки «Эй родмард,

Яке банда бошам равони туро,
Парастиш кунам гўрбони туро».

Ба Гев он гаҳе гуфт Баҳроми гурд,
Ки «Ҳар к-ў бизояд, бибояд-ш мурд.

1650 Гар эдун, ки з-ў бар танам бад расид,
Ҳамон дарди маргаш набояд чашид.

Сари пургуноҳаш, бигуфто, зи тан
Мабур, то кунад дар ҷаҳон ёди ман».

Бародар бародар чунон хаста дид,
Тажови ҷафопешаро баста дид,

Хурўшиду бигрифт риши Тажов,
Сар аз тан буридаш ба сони чаков.

Зи ду дида Баҳром пас хун биронд,
Зи кори сипеҳрӣ шигифте бимонд.

1655 Хурўше баровард, к-андар ҷаҳон
Кӣ дид ин шигифт ошкору ниҳон?!

Ки «Гар ман кушам ё кушӣ пеши ман,
Бародар бувад кушта ё хеши ман».

Бигуфт ину Баҳроми ял ҷон бидод,
Ҷаҳонро чунин аст созу ниҳод.

Инони бузургӣ ҳар он кас, ки ҷуст,
Нахусташ бибояд ба хун даст шуст.

Агар худ кушад ё кушандаш ба дард,
Ба гирди ҷаҳон то тавонӣ, магард.

пешина
аз 234
навбатӣ