Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

1660 Хурўшид Геви далер аз бараш,
Ҳаме рехт хоки сияҳ бар сараш.

Хурўшон ба аспи Тажоваш бубаст,
Ба Бежан супурд, он гаҳе барнишаст.

Биёвардаш аз ҷойгоҳи набард,
Ба кирдори шоҳон варо дахма кард.

Биёганд мағзаш ба мушку абир,
Бипўшид бар тан-ш чиниҳарир.

Бар оини шоҳон-ш бар тахти оҷ
Бихобонду овехт аз бар-ш тоҷ.

1665 Дари дахма карданд сурху кабуд,
Ту гуфтӣ, ки Баҳром ҳаргиз набуд.

Шуд он лашкари номвар сўгвор
Зи Баҳром в-аз гардиши рўзгор.

Бозгаштани эрониён ба назди
Хусрав

Чу барзад сар аз кўҳ тобанда шед,
Баромад сару тоҷи рўзи сапед.

Сипоҳи пароканда гирд омаданд,
Ҳаме ҳар касе достонҳо заданд,

Ки чандин зи Эрон сипаҳ кушта шуд,
Сари бахти солори мо гашта шуд.

1670 Чунин чира шуд дасти туркон ба ҷанг,
Сипаҳро кунун нест ҷои диранг.

Бари шоҳ бояд шудан бегумон,
Бубинем, то бар кӣ гардад замон.

Агар шоҳро дил пур аз ҷанг нест,
Марову туро ҷои оҳанг нест.

Падар беписар шуд, писар бепадар,
Басе хаставу гашта пурхун ҷигар.

Агар ҷанг фармон диҳад шаҳрёр,
Бисозад яке лашкари номдор,

1675 Биёему дилҳо пур аз кину ҷанг
Кунем ин ҷаҳон бар бадандеш танг.

пешина
аз 234
навбатӣ