Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Раҳонидани Пирон Фарангисро

Чу бишнид Пирон чунин гуфтугўй,
Хурўшону ҷўшон баромад ба кўй.

Зи охур биёвард пас паҳлавон
Даҳ аспи савор, озмуда гавон.

2555 Худу гурд Рўину Фаршедвард,
Баровард аз он роҳ ногоҳ гард

Ба ду рўзу ду шаб ба даргаҳ расид,
Дари номвар пур ҷафопеша дид.

Фарангисро дид чун беҳушон,
Гирифта варо рўзбонон кашон,

Ба чанголи ҳар як яке теғи тез,
Зи даргоҳ бархоста растахез.

Ҳама дил пур аз дарду дида пуроб,
Забон пур зи нафрини Афросиёб.

2560 Бигуфтанд ҳар кас ҳаме бо дигар,
Зану марду кўдак ба даргоҳ-бар,

Ки ин сахт корест бо тарсу бим,
Фарангисро гар занад бар ду ним,

Зи тундӣ шавад подшоҳӣ табоҳ,
Мар ўро нахонад касе низ шоҳ.

Чу чашми гиромӣ ба Пирон расид,
Шуд аз оби дида рухаш нопадид.

2565 Бад-ў гуфт: «Бо ман ту бад сохтӣ,
Чаро зинда дароташ андохтӣ?»

Зи асп андарафтод Пирон ба хок,
Ҳама ҷомаи паҳлавӣ кард чок.

Бифармуд, то рўзбонони дар
Замоне зи фармон битобанд сар.

Биёмад дамон пеши Афросиёб,
Дил аз дард хаста, ду дида пуроб.

Бад-ў гуфт: «Шоҳо, анўша будӣ,
Ҳамеша, зи ту дур дасти бадӣ!

2570 Чӣ омад зи бад бар ту, эй некхўй,
Ки овардат ин рўзи бадро ба рўй?

пешина
аз 234
навбатӣ