Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Занандаш басе чўб, то тухми кин
Бирезад бар ин буми Туронзамин.

Нахоҳам зи бехи Сиёвуш дарахт,
На шоху на баргу на тоҷу на тахт.

Ҳама номдорони он анҷуман
Гирифтанд нафрин бар ў тан ба тан,

Ки аз шоҳу дастуру аз лашкарӣ
Бар он гуна нашнид кас доварӣ.

2540 Биёмад пур аз хун ду рух Пилсам,
Равон пур зи доғу рухон пур зи нам.

Ба наздики Лаҳҳоку Фаршедвард
В-аз он дар суханҳо ҳама ёд кард,

Ки дўзах беҳ аз тахти Афросиёб,
Нашояд бар ин бум орому хоб.

Битозему наздики Пирон шавем,
Ба тимору дарди асирон шавем.

Се аспи гаронмоя карданд зин,
Ҳаме барнаваштанд гуфтӣ замин.

2545 Ба Пирон расиданд ҳарсе савор
Рухон пур зи хуну равон пур зи хор.

Бар ў баршумурданд яксар сухун,
Ки бахт аз бадиҳо чӣ афканд бун.

Чу пирон ба гуфтор бинҳод гўш,
Зи тахт андарафтоду з-ў рафт ҳуш.

Ҳама ҷомаҳо бар бараш кард чок,
Ҳаме канд мўюҳаме рехт хок.

Ҳаме гуфт зор: «Эй сазовори тоҷ,
Ки чун ту набинад дигар тахти оҷ».

2550 Бад-ў гуфт Лаҳҳок, биштоб зуд,
Ки дарде бар ин дард хоҳад фузуд,

Фиканда Фарангисро ҳам зи тахт
Танаш буд ларзон ба сони дарахт.

Ба хорӣ бибурданд ногаҳ кашон
Бари рўзбонони мардумкушон.

пешина
аз 234
навбатӣ