Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бад-ў гуфт, к-«Эй наврасида шубон,
Чӣ огоҳиястат зи рўзу шабон,

Бари гўсфандон чӣ кардӣ ҳаме,
Бузу мешро чун шумардӣ ҳаме?»

2720 Чунин дод посух, ки «Нахчир нест,
Маро худ камону зиреҳ, тир нест».

Бипурсид бозаш зи омўзгор,
Зи неку бади гардиши рўзгор.

Бад-ў гуфт: «Ҷое ки бошад паланг,
Бидаррад дили мардуми тезчанг».

Се дигар бипурсидаш Афросиёб,
Аз Эрону аз шаҳру аз мому боб.

Чунин дод посух, ки «Даррандашер
Наёрад саги корзорӣ ба зер».

2725 Бипурсид: «Аз эдар ба Эрон шавӣ,
Ба наздики шоҳи далерон шавӣ?»

Чунин дод посух, ки «Бар кўҳу дашт
Саворе парандуш бар ман гузашт».

Бихандид шоҳу чу гул баршукуфт,
Ба нармӣ ба Кайхусрав он гоҳ гуфт:

«Нахоҳӣ дабирӣ ту омўхтан,
Зи душман нахоҳӣ ту кин тўхтан?»

Бад-ў гуфт: «Дар шир равған намонд,
Шубонро бихоҳам ман аз дашт ронд».

2730 Бихандид хусрав зи гуфтори ўй,
Сўи паҳлавони сипаҳ кард рўй.

Бад-ўгуфт, к-«Ин дил надорад ба ҷой,
Зи сар пурсамаш, посух орад зи пой.

Наёяд ҳамоно баду нек з-ўй,
На з-ин сон бувад мардуми кинаҷўй.

Шав, ўро ба хубӣ ба модар супор,
Ба дасти яке марди парҳезгор

Фиристаш ба сўи Сиёвахшгирд,
Магардон бадомўзро ҳеч гирд.

2735 Бидеҳ, ҳар чи бояд зи ганҷу дирам,
Зи аспу парастандаву бешу кам».

пешина
аз 234
навбатӣ