Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Бозгаштани Кайхусрав ба
Сиёвушгирд
Сипаҳбад бад-ў гуфт: «Лахте шитоб»,
Биёвардаш аз пеши Афросиёб.
Ба айвони хеш омад афрўхта,
Хиромону чашми бадӣ дўхта.
Ҳаме гуфт, к-аз довари рўзгор
Дарахте нав омад ҷаҳонро ба бор.
Дари ганҷҳои куҳан боз кард,
Зи ҳар гунае шоҳро соз кард.
2740 Зи дебову динору дурру гуҳар,
Зи аспу силеҳу кулоҳу камар.
Ҳам аз тахту ҳам бадраҳои дирам,
Зи густурданиҳову аз бешу кам
Ҳама пеши Кайхусрав овард зуд,
Ба доду диҳиш офарин барфузуд.
Гусӣ кардашон сўи он ҷойгоҳ,
Ки созида буд хусрави некхоҳ.
Бирафтанд шодон бад-он шорсон,
Куҷо гашта буд он замон хорсон.
2745 Фарангису Кайхусрав он ҷо расид,
Зи ҳар сў басе мардум омад падид.
Пазира сипардандрўи замин,
Забони ҳама шаҳр пурофарин,
К-аз он бехбарканда фаррухдарахт
Аз ин гуна шохе баровард бахт.
Зи шоҳи ҷаҳон чашми бад дур бод,
Равони Сиёвуш пур аз нур бод!
Ҳама хори он шаҳр шамшод гашт,
Гиё дар чаман сарви озод гашт.
2750 Даду доми он шодмон гашт низ,
Зи ҷони Сиёвуш ба ҳар кас азиз.
Зи хоке, ки хуни Сиёвуш бих(в)ард,
Ба абр андаромад яке сабз нард.
Нигорида бар баргҳо чеҳри ўй,
Ҳаме бўи мушк омад аз меҳри ўй.
Ба даймаҳ ба сони баҳорон будӣ,
Парастишгаҳи сўгворон будӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё