Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Чунин аст кирдори ин чархи пир,
Ситонад зи фарзанд пистони шир.
2755 Чу пайваста шуд меҳри дил бар ҷаҳон,
Ба хок андаромояд яке ногаҳон.
Мабошед густох бо ин ҷаҳон,
Ки ў бадтарӣ дорад андар ниҳон.
Аз ў ту ба ҷуз шодмонӣ маҷўй,
Ба боғи ҷаҳон барги андўҳ мабўй.
Агар тоҷ дорӣ в-агар кафши танг,
Набинӣ ҳаме рўзгори диранг.
Маранҷон равон, к-ин сарои ту нест,
Ба ҷуз тангтобут ҷои ту нест.
2760 Ниҳодан чӣ бояд, ба хўрдан нишин
Бар уммеди ганҷи ҷаҳонофарин.
Зи гетӣ туро шодмонист бас,
Ки ў ҳеч меҳре надорад ба кас.
Якеро сараш баркашад то ба моҳ,
Фароз оварад росташ зери чоҳ.
Чунин аст кирдори чархи барин,
Гаҳе ин бар ону гаҳе он бар ин.
Зи хуни Сиёвуш гузаштам ба кин
Ба овардани шаҳ зи Туронзамин.
Шикояти Фирдавсӣ аз пирии худ
Чу омад ба наздики сар теғи шаст,
Мадеҳ май, ки аз сол шуд мард маст.
Ба ҷои инонам асо дод сол,
Пароканда шуд молу баргашт ҳол.
Ҳамон дидабон бар сари кўҳсор
Набинад ҳаме лашкари бешумор.
Кашидан зи душман надонад инон,
Агар пеши мижгонаш ояд синон.
5 Гироянда ду тезпои наванд,
Ҳамон шасти бадхоҳ кардаш ба банд.
Сароянда з-овоз баргашт сер,
Ҳамаш лаҳни булбул, ҳам овои шер.
Чу бардоштам ҷоми панҷоҳу ҳашт,
Нагирам ба ҷуз ёди тобуту дашт.
Дареғ он гулу мушки хушшоби сӣ,
Ҳамон теғи буррандаи порсӣ.
Нагардад ҳаме гирди насрин тазарв,
Гули норван хоҳаду шоҳи сарв.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё