Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Ситора ба ҷанг андаромад нахуст,
Замону замин дасти бадро бишуст.
Бубастанд гурдони Эрон миён,
Ба пеш-андарун ахтари ковиён.
Гузин кард пас Рустами зобулӣ
Зи гурдони шамшерзан кобулӣ,
90 Аз Эрону аз бешаи Норван
Шуданд аз ялон сад ҳазор анҷуман.
Куштани Фаромарз Варозодро
Сипаҳро Фаромарз буд пешрав,
Ки фарзанди ў буду солори нав.
Ҳаме рафт, то марзи Турон расид,
Ки аз дидагаҳ дидбонаш бидид.
Варозод шоҳи Сапеҷоб буд,
Миёни гавон дурри хушшоб буд.
Чу омад ба гўш-андараш каррной,
Дами бўқу овои ҳиндидарой.
95 Бизад кўсу лашкар ба ҳомун кашид,
Зи ҳомун ба дарёи хун оварид.
Сипаҳ буд шамшерзан сӣ ҳазор,
Ки буданд шоистаи корзор.
Варозод аз қалби лашкар бирафт,
Биёмад ба назди Фаромарз тафт.
Бипурсиду гуфташ: «Чӣ мардӣ, бигўй,
Чаро кардаӣ сўи ин марз рўй?
Ҳамоно ба фармони шоҳ омадӣ,
Гар аз паҳлавони сипоҳ омадӣ?
100 Надорӣ зи Афросиёб огаҳӣ,
Зи авранг в-аз тахту тоҷи меҳӣ?
Сазад, гар бигўӣ маро номи хеш,
Бубинӣ бад-ин кор фарҷоми хеш,
Набояд, ки бе ном бар дасти ман
Равонат барояд зи торик тан».
Фаромарз гуфт: «Эй гави шўрбахт,
Манам бори он паҳлавонидарахт.
Ки бар дасти ў шер печон шавад,
Чу хашм оварад, пил беҷон шавад.
105 Маро бо ту, бадгавҳари девзод,
Чаро кард бояд чиву чанд ёд?
Гави пилтан бо сипоҳ аз пас аст,
Ки андар ҷаҳон кинахоҳ ў бас аст.
Ба кини Сиёвуш камар бар миён
Бубасту биёмад чу шери жиён.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё