Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Барорад аз ин марзи беарз дуд.
Ҳаво гарди ўро наёрад бисуд».

Варозод бишнид гуфтори ўй,
Ҳама хом донист пайкори ўй.

110 Ба лашкар бифармуд, к-андарниҳед,
Камонро саросар ба зеҳ барниҳед.

Рада баркашид аз ду рўя сипоҳ,
Ба сар барниҳода аз оҳан кулоҳ.

Зи ҳар сў баромад зи лашкар хурўш,
Ҳаме кар шуд аз нолаи кўс гўш.

Чу овози кўс омаду каррной,
Фаромарзро дил баромад зи ҷой.

Даромад ба кирдори пили жиён,
Ба бозу камону камар бар миён.

115 Ба як ҳамла кардан зи гурдон ҳазор
Бияфканду баргашт аз корзор.

Ҳаме шуд Фаромарз найза ба даст,
Варозодро пои рафтан бубаст.

Дурафши сипаҳдори туркон бидид,
Чу шер аз миёни сипаҳ бардамид.

Барангехт аз ҷой шабрангро,
Бияфшурд бар найза-бар чангро.

Яке найза зад бар камарбанди ўй,
Ки бугсист ҳафтону пайванди ўй.

120 Чунон баргирифташ зи зини хаданг,
Ки гуфтӣ яке пашша дорад ба чанг.

Бияфканд бар хоку омад фуруд,
Сиёвахшро дод чанде дуруд.

Сари номвар дур кард аз танаш,
Ба хун - андар олуд пероҳанаш.

Чунин гуфт к-инат сари кин нахуст
Пароканда шуд тухму аз хок руст.

Ба буму бараш оташ андарзаданд,
Ҳаме дуд бар шуд ба чархи баланд.

125 Яке нома бинвишт назди падар
Зи кори Варозоди пархошх(в)ар.

Ки ин рўз бодафраҳи эзадист,
Мукофоти бадро зи Яздон бадист».

Чунон лашкари гашну чандин савор
Саросема гаштанд аз корзор.

Сипаҳбад чу рўи Варозод дид,
Хурўш аз миёни сипаҳ баркашид.

пешина
аз 234
навбатӣ