Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ки андаркушодам дари кину ҷанг
Варо баргирифтам зи зини хаданг.

Ба кини Сиёвуш буридам сараш,
Барангехтам оташ аз кишвараш.

Лашкар кашидани Сурха ба ҷанги Рустам

В-аз он сў равон шуд наванде ба роҳ
Ба наздики солори туронсипоҳ,

Ки омад ба кин Рустами пилтан,
Бузургони Эрон шуданд анҷуман.

130 Варозодро сар буриданд зор
Бароварда аз марзи Турон димор.

Сипаҳро саросар ба ҳам барзаданд,
Ба буму бараш оташ андарзаданд.

Чу бишнид Афросиёб ин сухан,
Ғамӣ гашт аз он гуфтаҳои куҳан

Ки бишнида буд аз лаби бихрадон
Зи ахтаршиносону аз мўбадон.

Зи кишвар саросар меҳонро бихонд,
Дирам доду ганҷи куҳан барфишонд.

135 Намонд эч дар дашт аспон яла,
Биёвард чўпон ба майдон гала.

Дари ганҷу кўполу баргустувон,
Ҳамон теғу тиру камони гавон.

Ҳамон ганҷи динору зарру гуҳар,
Ҳамон афсару тавқу заррин камар.

Зи дастуру ганҷур бистад калид,
Ҳама коху майдон дирам густарид.

Чу лашкар саросар шуд ороста,
Бар эшон пароканда шуд хоста.

140 Бизад кўси рўину ҳиндидарой,
Саворон сўи разм карданд рой.

Шаҳаншаҳ чу аз Ганг берун кашид,
Сипаҳро зи тангӣ ба ҳомун кашид.

Зи кундоварон Сурхаро пеш хонд,
Зи Рустам фаровон суханҳо биронд.

Бад-ў гуфт: «Шамшерзан сӣ ҳазор
Бубар номдор аз бари корзор.

Ба сўи Сапеҷоб рав ҳамчу бод,
Зи орому шодӣ макун ҳеч ёд.

пешина
аз 234
навбатӣ