Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

инҷо таъриф кардем, дониши ҷаҳон нест, аммо ҷаҳли комил низ онро ба унвони НАДОНИСТАН муаррифӣ мекунад” [10, 16].
Иддае аз муҳаққиқини ғарбӣ ва ғайриғарбӣ ҷомеаи Аврупоро чун ҷомеаи масраф муаррифӣ карда, ҷомеаи амрикоиро низ ҷомеаи исроф хондаанд, ки даъват ба қаноат дар онҳо маъное надорад. Воқеият дар кишварҳои тавсеаёфта ҳамин аст, ки бинобар сатҳи олии хидматрасонӣ дар тамоми соҳаҳо инсонҳо мутафаккир нестанд, чунки ба ҷойи онҳо амалҳояшонро робот иҷро мекунад ва афзоиши бекорӣ низ дар баъзе манотиқи дунё омили асосии ҳиҷрати онҳо ба ҷомеаҳои рушдкунанда аст. Аз ин дидгоҳ метавон хулоса кард, ки тарраққӣ айни замон инқироз асту буҳрон аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ногусастанист. Ясперс зимни баррасии фарҳангҳои бостонӣ муътақид аст, ки инсон он замон ҳануз ба худогоҳии воқеӣ нарасидааст, аммо бо таваҷҷуҳ бо замони муосир як навъ дилсардиро дар ботини инсонҳо пайхас намуда, иртибот доштани онҳоро чунин баррасӣ менамояд: “Ба далели эътиқод ба аҳамияти иҷтимоъ, ки дар зиндагии рӯзмарра нуфуз карда, ба дилсардӣ ва ҳисси нобоварӣ ба ҳамдигар табдил ёфтааст, пайванди наздик байни мардум на чандон дуртар аз замони мо вуҷуд дошт, ки ба нудрат иртиботро ба як мушкили хос табдил мекард. Мардум аз ин калимот розӣ буданд, ки мо метавонем бо ҳам дуо кунем, аммо бо якдигар суҳбат накунем”107.

пешина
аз 303
навбатӣ