Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Ҷомеашинос ва равонпизишк Эрих Фромм, ки дидгоҳи интиқодӣ ба Зигмунт Фрейд дорад, яке аз омилҳои буҳрони муосириятро дар табиати инсон мебинад, ки дар навбати худ омода аст ҷиҳати суд ёфтан зиён бар ҷомеа бирасонад. Номбурда бар ин бовар аст, ки инсонро табиат барои рафторҳои нопокаш маҳв мекунад. Кӯшишҳои инсон дар замони муосирият бештар ба худи ӯ иртибот доранд. Фарқ надорад, ки аз амали фарде афрод зиён мебинанд ё на! Ба қавли Фромм, инсон дигарбора ба ваҳшоният бармегардад ва шояд буҳрони ҳамаҷониб аз ҳамин хусусият шурӯъ шавад ва агар аз ин дидгоҳ ҳувиятҳоро баррасӣ кунем, хулоса ин хоҳад буд, ки тақвият ёфтани босуръати ҳувиятҳои фарҳангӣ гувоҳ аз он аст, ки онҳо рӯзе боз ба буҳрони шадиде гирифтор мешаванд. Ба қавли Тойнби, постмодернизм ба марҳилаи ниҳоии таърихи Аврупои Ғарбӣ табдил хоҳад шуд. Ҷаҳон билохира ҳамоҳангии худро аз даст хоҳад дод.
Аммо Энтони Гидденс аз зумраи ҷомеашиносоне мебошад, ки тақсимбандии сегонаи ҷомеаҳоро пешкаш кардааст: суннатӣ, мудерн ва мудерни мутааххир. Мавсуф то давраи инқилоби санъатиро давраи суннатӣ, аз инқилоби санъатӣ

107
Ясперс К. Смысл и назначение истории, - М.: Политиздат, 1991, - с.

пешина
аз 303
навбатӣ