Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

то соли 1960 – ро давраи мудерн ва аз соли 1960 ба баъдро давраи мудерни мутааххир меномад.
Ба қавли Гидденс, алҳол мо дар садаи постмудернизм қарор надорем. Ӯ вижагиҳоеро, ки назарияпардозон ба постмудернизм нисбат медиҳанд, мепазирад, аммо муътақид аст ин вижагиҳо ба маънои поёни давраи мудерн нест, балки нишонаи такмили мудерн аст. Ба назари Гидденс, мудерни мутааххир бахши дувуми мудерн мебошад ва ба давраи постмудерн ҳеҷ иртибот надорад.
Инҷо зарур донистем афкори ғайриғарбиро ҷиҳати баҳогузорӣ шудани муосирият матраҳ кунем. Ризо Доварии Ардаконӣ аз зумраи муҳаққиқине маҳсуб мешавад, ки нисбат ба ояндаи пурфоҷиаи ҷомеаҳои тавсеаёфтаи Ғарб изҳори ақида намудааст. Мавсуф дар таснифоте бо номи “Дар бораи илм” бидуни оҳанги маънавӣ мондани Аврупоро мутазаккир мешавад: “Мо акнун дар давраи постмодерн умр ба сар мебарем. Дар ин давра башар дигар чандон дар банди савдои тараққӣ нест ва бо ин ки зиндагӣ дар саросари олам ҳар рӯз ва рӯз ба рӯз дигаргун ва боз ҳам дигаргун мешавад, вале ин дигаргунӣ, бештар як амри қаҳрӣ аст, на дар ҷиҳати сохтану пардохтани ҷаҳоне, ки Ғарб дар қарни ҳаждаҳум ба он умед баста буд. Ғарб дигар оҳанг надорад”108. Гузашта аз ин, муҳаққиқи

Ардаконӣ Р. Дар бораи илм, - Душанбе: Дониш, 2010, - с. 59.

пешина
аз 303
навбатӣ