Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

эронӣ нақди постмодернро баррасӣ карда, маҳвшавии асли фалсафаро аз доираи имкон берун медонад: “Нақди постмодерн дар воқеъ нақди субективият аст. Албатта, ин бад-он маънӣ нест, ки субективият аз миён рафтааст. Як асли фалсафа бо мухолифату баҳс ва чунучароии сирф аз миён намеравад, балки то асли дигаре ҷои онро нагирад он асл муассир ва маншаи асар аст.
Аммо вақте дар асле аз усули фалсафа шак раво доранд, метавон ҳадс зад, ки футуре дар фалсафаи замон пайдо шудааст”109. Файласуфи тоҷик Усмонзода Х.У. муҳтавои муосириятро дар маънии “беҳтар аз ҳама”, “беҳтар аз пешина” ва “танҳо ба ҳозира хос” дарк карда, зимни баррасии илмии муосирият эътироф мекунад, ки дар фалсафаи иҷтимоӣ чандин маънии вожаи мазкур пазируфта шудаанд: “1) муосирият – яъне дар зинаи инкишофи саноати сармоядорӣ қарор доштан ва ё ин марҳилаи инкишофро тай намудани ҷомеаҳо. Дар ин маврид таъкид мегардад, ки мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ дар сафи пеши кишварҳое, ки ин марҳиларо пушти сар намуданд, қарор доранд... 2) муосирият – яъне бо пайравӣ аз намунаи рушди кишварҳои аврупоӣ ҳаёти ҷамъиятии ҷомеаи худро ба роҳ мондани кишварҳои ғайриғарбӣ... 3) муосирият – яъне табиӣ ҷараён гирифтани ҳаёти ҷомеаҳо дар марҳилаи муайяни замони нуҷумӣ, ки новобаста

Ҳамон ҷо, с. 109.

пешина
аз 303
навбатӣ