Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

аз мавқеи ҷуғрофӣ ва сатҳи рушдашон ба ҳолати имрӯза алоқамандӣ дорад... 4) муосирият – яъне дар заминаи алоқамандии дастовардҳои тамаддуни саноатӣ ва анъанаҳои худӣ дар сатҳи “беҳтар аз пешина” ва хос ба ҳозиразамон ташкил намудани ҳаёти ҷамъиятӣ”110.
Чунин хулоса бармеояд, ки фарзияҳои ҷадид дар мавриди замони нав мухталифанд ва ҳар муҳаққиқе дар баёни консепсияи худ далел меоварад, аммо ин нукта бебаҳс мебошад, ки ҷомеаҳои тавсеаёфта ба мушкилиҳои нав рӯ ба рӯ мешаванд. Бинобар ин, рушди бемайлон ва тавсеаёбии номаҳдуд башарро аз проблемаҳои пайдошуда озод намекунад. Ҳақиқати башар дар тасодум ошкор мешавад ва дар ҳеҷ сурат тафовут бинобар тараққии ҳангуфте аз байн намеравад.
Айни замон дар сартосари Ғарб сайри маънавии нохудогоҳӣ мушоҳида мешавад, ки тамоили мазкурро ағлаб донишмандони урупоӣ ва амрикоӣ муҳаққиқ шудаанд, аммо зуҳури чунин шабоҳат, ки буҳрони худогоҳист, ба ному андешаи Нитше иртибот дорад. Худшиносии ба таври мудовим густаришёфтаро мавсуф рад кард ва ба бунёди ирода ва ихтиёр дар фалсафа асос гузошт, ки пайваста дидгоҳҳои пешиниёнро лағв мекунад. Номбурда ба инсон рӯ оварду ӯро воқиф намуд, ки қудрат хориҷ аз вуҷуди ботинии

110 Усмонзода Х.У. Амалияи ҷомеасозӣ ва муосирият, - Душанбе: Дониш, 2020, - с. 29.

пешина
аз 303
навбатӣ