БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

ту ҳузур надорад ва ончи ки дар бегонагон ҷустуҷӯ дорӣ, табиати туст, ки ҳануз ҳам нашнохтаӣ, аммо барои маърифати он табииёт ақл зарур нест, чунки некро тавассути бад мешиносанд ва ҷиҳати тақвияти худогоҳӣ бояд инсон дар нохудогоҳӣ ворид гардад, вагарна ҳамаи навъҳои худшиносӣ бо дарназардошти муосиртарин шаклгирии он мавсум ба ҳувият бидуни роҳандозӣ танҳо дар зеҳн боқӣ мемонад.
Инсон замоне меофарад ва дар даврае месӯзонад ва сӯхтану сохтан амри табиати ӯст, аммо мо як ҷонибро истиқбол мекунем ва ҷониби дигарро на, лекин ҳамин иштибоҳи башар ӯро айни замон дар буҳрони маънавӣ қарор додааст. Бинобар ин, зинаи нави ҳувиятҳо дар ҷомеаҳои тавсеаёфта дар заминаи нохудогоҳӣ тақвият меёбад, чунки инсони муосир надонистанро аз донистан авлотар дониста, худро тавре вонамуд месозад, ки аз ҳама чиз бехабар мебошад. Ҳатто барои муаррифии хеш чандон иштиёқ надорад, саҳеҳтар агар гӯем, инсони муосир, ки ҳамаҷониба рушд кардааст, барои баррасии худ ниёз надорад.
Аммо маҳрумият аз давлатдории миллӣ низ таассуб аст, ки нобудкунандаи ҳувият шинохта мешавад. Бармегардем ба баҳсҳои физикӣ, ки омӯзиши он имрӯз ҷолиб баррасӣ мегарданд.
Масалан, ҳар модда тибқи назарияи муосири сохти атом ва молекулаҳо хосияти магнитӣ дорад ва ҳаргуна ҳаракат хусусияти сарбастаро инъикос менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё