БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Ба ибораи машҳур, табиат аз
магнетикҳо иборат мебошад ва мусоидсозӣ дар
он пайваста рух хоҳад дод, чунки ҳар гуна
майдони магнитӣ ва электрӣ бо мусоидсозии
ҳамаҷониб эҳёро тавлид мекунад. Вале дар
раванди ҷаҳонишавӣ авзои кишварҳо тағйир
ёфта, анъанаҳои нек аз байн мераванд ва
навовариҳои камарзиш дар ҷомеаи шаҳрвандӣ
нуфуз пайдо мекунанд: “Марҳилаи аввали
ташаккулёбии ин марҳилаи трансформатсионӣ аз
он бармеояд, ки ҷараёни ҳодисаҳои олами
муосир ҳарчанд нақшу авомили фарҳангиро дар
қатори авомили иқтисодӣ дар таъмини рушду
суботи кишварҳо ҳарчи бештар боло мебаранд,
вале зуҳури падидаҳои марбут ба истифодаи
нерӯи нарми тобеъсозии кишварҳо,
вусъатбахшии инқилобҳои ранга, беэътиноӣ ба
дахлнопазирии истиқлолияти кишварҳо,
фалаҷшавии баъзе ниҳодҳои байналмилалӣ низ
меафзояд. Бо такя ба тақвияти омили фарҳангӣ
шароит фароҳам омад, ки кишварҳо имкони на
танҳо ба ворисият гирифтани мероси миллӣ,
танзими мутавозини рафтори аҳли ҷомеа, эҳёи
анъанаҳои беҳтарини ҷомеасозии ниёгони хеш,
инчунин заминаи татбиқи зарфиятҳои зеҳнию
навовариҳоро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти
ҷомеаҳои худ пайдо кунанд”111. Таъсири раванди
111 Усмонзода Х.У. Амалияи ҷомеасозӣ ва муосирият, - Душанбе: Дониш, 2020, - с. 111.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё