БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

ҷаҳонишавӣ омили асосии пайдоиши хислатҳои номатлуб дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ маҳсуб мешавад: “Пайравӣ аз чунин роҳи ба мақсади қонеъсозии талаботи ба дастовардҳои тамаддуни муосир ноил шудан ҳавасмандии аксари насли ҷавонро аз таҳсили мудавому бетанаффус, заҳмати ҳамешагӣ ва ғайра коста месозад ва ба афзоиши зуҳури амалҳои номашруъ, ғайримеъёрӣ ва каҷрафториҳои иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Дар ин ҳолат майли татбиқи ба оянда нигаронидашудаи талаботҳо камтар мешавад ва одамон саъй менамоянд дар фосилаи наздиктарини замони ҳозира онро ба даст оранд.
Маҳз бо чунин гароиш арзишҳои насли муосир аз наслҳои гузашта, ки барояшон пешбинии ташвишҳои наслҳои минбаъда низ бегона набуд, аз ҳамдигар фарқ мекунад”112.
Агар масъалаи моҳияти ҷаҳонишавиро чун пояи асосии таҳқиқ баррасӣ кунем, бешубҳа эътирофи синтезу баҳамоии шакл, сохтор ва муҳтавои рушди давлати ҷудогона, шахсиятҳои иҷтимоӣ ва этникӣ ногузир мебошад. Одам, эҳтиёҷоти худро ба амният ва мансубият ба ҷомеа қонеъ карда, бошуурона худро бо як ҷомеаи миллӣ шинос мекунад ва ҳисси "мо" -ро
112 Усмонзода Х.У. Амалияи ҷомеасозӣ ва муосирият, - Душанбе: Дониш, 2020, - с. 125.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё