Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Муосирият фардро аз табиат, аз мадори алоқаҳои пешкашнамудаи ҷомеа бо дигарон озод намуд”113.
Дар воқеъ, яке аз падидаҳои асосии илми ҷомеашиносӣ дар замони муосир ҷаҳонӣ шудани фарҳангҳо ва тамаддунҳост. Муҳаққиқони ҷаҳонишавӣ ин равандро шарҳҳои мухталиф дода, оғози онро аз солҳои 80-уми садаи гузашта пиндоштаанд. Минбаъд ҷаҳонишавӣ ба илм ворид гардида, аз мавзуҳои асосии он мубаддал гардид. Карл Поппер ба кӯшишҳои озодихоҳона ва башардӯстонаи тарсоён шак дошта, бар ин бовар аст, ки “Таърих дорои маънӣ нест”: “Ман инкор намекунам, ки таъбири таърих аз нуктаи назари масеҳият низ монанди ҳар гуна дини дигар имконпазир аст. Албатта, эътироф накардани он номумкин аст, ки ба кадом дараҷа мо, сокинони Ғарб барои ҳадафҳои хайрхоҳона ва талошҳо ба сӯйи инсондӯстӣ, озодӣ ва ғайра мадюни дини масеҳӣ ҳастем”114. Саҳеҳтар агар таҳқиқ кунем, иқдомҳои кишварҳои Ғарб ҷиҳати мудернсозии ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф агар бо шиори ҳифзи ҳуқуқ, таъмини озодӣ ва суботи кишварҳост, аммо дар асл ҷуз татбиқи манофеи геосиёсӣ дигар чизе буда наметавонад. Садаи

113
Усмонзода Х.У. Амалияи ҷомеасозӣ ва муосирият, 2020, - с. 29.

114
Поппер К. Открытое общество и его враги (в 2 томах), - М.:
Культурная инициатива, 1992, - с. 243.

пешина
аз 303
навбатӣ