БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

XXI замони ба хайру дӯстӣ иштиғол варзидани қудратҳои ҷаҳонӣ нест. Дигар ин ки интиқоди Поппер аз ақидаи Тойнби фақат ҷиҳати интиқоди ӯ аз фалсафаи Маркс сурат мегирад ва дар асл бошад, Тойнби ба таърих нигоҳи дигар дорад. Махсусан, ӯ ҷомеаи Ғарбро дар тамоми муддати вуҷудаш номуваффақ донистааст:
“Бинобар таҳқиқи ҷомеае, ки мо онро “ғарбӣ” меномем, ошкор хоҳем кард, ки он тамоил бар вусъатёбии доимӣ дорад. Бо ин аҳвол, бояд эътироф кунем, ки ҷомеаи мазкур дар тамоми муддати вуҷуди худ ҳаргиз дар ҳар се барномаи иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ муваффақ нашудааст”115. Дар замони муосир монанди гузашта тамаддуни ҷаҳонӣ воқеан, дар навъҳои ҷомеаҳои миллӣ ба унвони падидаи мудерн бештар тамоиз шудааст, аммо Бергсон ва Поппер аз ҷомеаҳои баста ва боз навъи фарҳангро бо қиёс аз тамоиз муаррифӣ мекунанд, лек комилан баста ва ба ҳамон андоза комилан боз вуҷуд надорад. Аммо Карл Поппер дар рисолае таҳти унвони “Ҷомеаи кушода ва рақибони он” ҷомеаҳои пӯшидаро шабеҳи рамаи сутурон пиндошта, ҳузури ғуломдориро дар онҳо баъзан дуруст ва дар баъзе мавридҳо қобили қабул намедонад. Илова бар ин, мавсуф рақобатро барои мақому мартаба байни аъзои ҷомеа
Тойнби А. Постижение истории (сборник), - М.: Рольф, 2001, - с. 35.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё