Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

муҳимтарин бахши тавсифии ҷомеаи кушода медонад. Андешаронии мусанниф бештар тасаввурист, агарчи зимни баҳогузориҳояш масоили аз байнравии ҷомеаи пӯшидаро чунин тасвир мекунад: “Шояд сабаби бузургтарини фурӯпошии ҷомеаи пӯшида рушди нақлиёти баҳрӣ ва тиҷорат буд”116. Яъне, рушду тараққии ҷомеаи пӯшидаро кушода намуда, барои муаррифии хос омода месозад, аммо ҳақиқати аҳволи ҷомеаҳо ҳаргиз чунин нестанд. Фақат дар ҷомеаи пӯшида қудрат дар маънии мансаб дарк мегардад, вале ҷомеаи кушода зимни пажӯҳиш дар мафҳуми қудрат ихтиёрро мепазирад. Ба ибораи саҳеҳтар, агар қудрат мансаб пиндошта шавад, он дер ё зуд аз байн меравад, чунонки ҷомеаи пӯшида бо мурури вақт ҷойи худро ба ҷомеаи кушода хоҳад дод, аммо дар сурати ихтиёр пиндоштани қудрат маълум мешавад, ки ихтиёр аз аносири маҳвшаванда нест. Гумон меравад, ки Фридрих Нитше ҷиҳати истифода аз ибораи “ирода ба қудрат” ҳамон ихтиёреро дар назар дошт, чунки ҳеҷ қудрате болотар аз ихтиёр вуҷуд надорад. Агар Поппер шахсияте таъсирпазир аз дигарон бошад, Нитше ба ҳайси таъсиргузор ва омили дигаргунӣ дар фалсафаи Ғарб мебошад.

116
Поппер К. Открытое общество и его враги (в 2 томах), - М.:
Культурная инициатива, 1992, - с. 185.

пешина
аз 303
навбатӣ