БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

1.3. Нақши омилҳои фарҳангӣ дар ташаккули ҳувияти ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф Дар густариши ҳувияти мансуб ба ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф омилҳои фарҳангӣ нақши бориз дошта, имкон фароҳам меоранд, ки шаклгирии шахсият марҳала ба марҳала анҷом пазирад.
Бартарии фарҳанг аз вижагиҳое иборат аст, ки инсон ба онҳо бидуни мамоният дастрасӣ меёбад, чунки инсон фарҳанг меофарад, аммо фарҳанг низ инсонро меофарад. Дар дунёи мудерн, ки таомули фарҳангӣ танҳо ба муҳоҷирати ҷамъият маҳдуд намешавад, балки метавонад аз тариқи ҳунар, адаб, ахлоқ, расонаву синамо интиқол ёбад, фарҳангҳо бо дарназардошти вижагиҳои худ ба рӯйи якдигар бозтоб мешаванд, бештар ҷиҳати тавсеа ва пазириш аз онҳо дастрас ҳастанд. Бинобар ин, бархе аз вижагиҳои фарҳангиро метавон истиқбол намуд ва дар фарҳанги худ ғунҷонид. Фарҳанг бидуни шак ҳувиятро меофаринад. Фарҳанг тамоил дорад то эҳсоси хосе аз худро дар фард шакл диҳад.
Бузургтарин аҳамияти шиносоӣ барои инсонҳо ҳамон иртибот бо дигарон маҳсуб мешавад, ки аъзои хонавода, дӯстон, ҳамсоягону ҳамсабақон ва ғайраро бо зиндагии муштарак дар маҳалли тавлид ва иқомату фаъолият муттаҳид месозанд.
Расонаҳо танҳо ниҳод нестанд, балки авомили таъсиргузоре барои сохтани ҳувият мебошанд. Манбаҳои дигаргунии ҳувияти ҷамъӣ (коллективӣ) аз фаъолияти эҷодии нухбагони маорифпарвар ва аҳли зиё иборат аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё