БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Мушкили ҳувият дар сатҳи шахсиятҳо ба вуҷуд хоҳад омад, чунки афроди муаррифишуда ба худ иҷоза медиҳанд, ки аз мазоҳири мухталифи иҷтимоӣ монанд ба ҳувияти ҷамъӣ ё миллӣ ба маънои шахсияти миллӣ истифода бинмоянд, дар ҳоле ки муҳити иҷтимоӣ дар замони муосир ба дахолати афроди ғайри тахассусӣ ниёз надорад.
Шаклгирии ҳувият таҳти таъсири омилҳои иҷтимоӣ қарор мегирад ва авомили иҷтимоии марбут ба шаклгирӣ ва ҳифзи ҳувият тавассути сохтори иҷтимоӣ таъин мешавад ва баръакс, ҳувияти эҷодшуда аз тариқи огоҳии фардӣ ва сохтори иҷтимоӣ ба як сохтори иҷтимоии муайян вокуниш нишон медиҳад. Ҳувиятҳои миллӣ ва фарҳангӣ дар ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф як кайфияти таърихии пӯёе аз эҳёшавии ҳастии миллатҳост. Ин як таърихи хосе дониста мешавад, ки тавассути навовариҳо, яъне модернсозии муҳити иҷтимоӣ ва арзишҳои фарҳангӣ ироа мешавад. Бояд таъкид кард, ки имконоти дарки “мо” ва “онҳо” дар фарҳанг бо моҳияти фарҳангҳое муртабит аст, ки ҷаҳони фарҳанги миллиро ташкил медиҳад. “Онҳо” мардумоне аз як ҷомеаи бегона ва бар “мо” мутафовит ҳастанд, ки дар ҳеҷ сурат ба “мо” тааллуқ надоранд. Бинобар ин, фосилаи байни “мо” ва “онҳо” аз тафовути фарҳангҳо сарчашма мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё