Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Аммо ҳувиятҳои хос ба тоҷикон маскун дар қитъаи Осиё асту аксар милали осиёӣ бо мо аз лиҳози мансубияти нажодӣ ва низоми ақидатӣ тафовутҳои фоҳиш доранд. Бинобар ин, тоҷикон тибқи омилҳои марзӣ бо гӯяндагони гурӯҳи забонҳои олтоӣ наздиканд ва аз лиҳози бовариҳои динӣ бо гурӯҳи сомӣ, лекин аз нигоҳи иртиботи нажодӣ онҳо бо аврупоиҳо қаробат дошта, алҳол дар миёнароҳ қарор доранд.
Махсусан, бовариҳои динӣ тоҷиконро бо ақвоме наздик сохтааст, ки бо онҳо ҳеҷ ҳамоҳангии таърихӣ надоранд ва ин омилҳо дар густариши ҳувияти фарҳангии мутааллиқ ба тоҷикон мушкилӣ эҷод мекунад. Вале омилҳои мазкур ғолибан хориҷӣ ҳастанд ва ҳадди аққал ин авомил дар вижагиҳои ҳувияти фарҳангии дохили кишвар таъсиргузор аст. Ба вижа, таблиғи созмонҳои бо номи ислом муаррифишудаи тахрибкор ва шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба узвияти онҳо, ки фаъолияти экстремистиашон ҳамаро дар таҳлука овардааст. Ҷомеашиноси фаронсавӣ Морлен Лорюэл зимни баррассии ҳувияти кишварҳои Осиёи Марказӣ бо дарназардошти таҳияи сиёсати хориҷӣ аз гироиши номаҳдуди халқҳои минтақаи Осиёи Марказӣ нисбат ба Туркияву Эрон изҳори андеша намудааст: “Давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сиёсати хориҷии худ иддаои Туркияро дар нақши “бародари бузург” шадидан маҳдуд сохтаанд, ки солҳои 90 – уми садаи сипаришуда кӯшиши дар ҳувияти туркӣ муттаҳид сохтани ҳамаи миллатҳои минтақа зуҳур гардид.

пешина
аз 303
навбатӣ