БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Дар равобит бо Эрон низ чунин гироиш мушоҳида мешавад”117. Алҳол, дар дохили кишвари тоҷикон гироиши аҳли зиё, пеш аз ҳама уламо ба Эрон чун ба кишваре ки бо мо ҳамзабон ва таъриху фарҳанги воҳид доранд, бешумор аст, аммо гиравидан ба ғайри худ дар замони муосир маҳвшавист ва ҳеҷ ҳувияти такмилёфтае гироиш ба чапу ростро қабул надорад. Рӯзноманигор ва узви ҷамъияти файласуфони Амрико Томас Фридман зимни иқомат доштанаш дар Бангалори Ҳинд фикр мекард, ки майдони рақобати ҷаҳонӣ ва марказҳои пажӯҳишӣ ба як шабакаи ҷаҳонии муттасил табдил ёфтаанд.
Бавижа, фановарӣ, ниёзмандӣ ва нигариш ба ҳувият ва масоили марбут ба он ба унвони як масъалаи ҳамешагӣ матраҳ хоҳад шуд.
Номбурда, бо дарназардошти ин ки бахше аз ҷамъияти Ҳинду Чин дар бозори ҷаҳонӣ кор мекунанд, тағйиротеро мебинад, ки қарор аст ояндаро аз дидгоҳи ҷаҳонишавӣ таъин кунад.
Замони дарёфту дастрасии истқлоли давлатӣ бо бархурд ва муноқишаҳои шадиди гурӯҳҳои мухолиф оғоз гардида, оқибат қудрати сиёсӣ неруҳои мутаассиби исломгароро бинобар
117 Морлен Ларюэль. Внешная политика и идентичность в Центральной Азии, - М.: 2013, - с. 13.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё