Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

мардуми Шимол ба маънои воқеии калима аз идеяи марзҳои боз ваҳшат доранд. Аммо сиёсатмадорон дар рубъи қарни ахир усулан ба ин самт нарафтаанд. Бритониё аввалин давлате буд, ки монеаҳои навинеро барои аз мавзеи худ дуртар андохтани маскунони собиқ кишварҳои истеъмории хеш эҷод кард. Танҳо дар соли 1993 се иттифоқи муҳим рух дод. Парлумони Олмон пазироӣ аз паноҳандагонро ба шиддат маҳдуд кард, зеро аз тарси ин ки сокинони шарқи Урупо мумкин аст чунин авзоъ ва ҳолатро касб кунанд.
Дар Фаронса давлат қавонинеро ба тасвиб расонид, ки на танҳо муҳоҷирати кишварҳои истеъмории собиқро маҳдуд мекард, балки ҳатто гирифтани шаҳрвандиро барои фарзандони муҳоҷироне, ки дар Фаронса мутаваллид шуда буданд, душвор месохт”120. Аммо бартар донистани фарҳанги миллӣ-марзии Мағрибзамин аз соири фарҳангҳо аз зумраи аҳдофе нест, ки риҷоли сиёсии ин сарзаминҳо таҳмили онро бар ғайри худ муносиб дидаанд. Густариши ҳувияти миллии урупоӣ рафъи марзҳо набуд. Онҳо ҳатто дар гуфтору кирдорҳояшон ихтилофи марзиро риоя мекунанд. Аммо барои ғайри хеш онон фалсафаи мешсозиро эҷод кардаанд ва бар василаи он ғайри худро имкон медиҳанд, ки ҳамеша дар шинохти хеш шак оварад. Бинобар

120 Валлерстайн И. Анализ мировых систем и ситуация в современном мире, - СПБ: Универсальная книга, 2001, - с. 205.

пешина
аз 303
навбатӣ