Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

ин, вокунише алайҳи ҷаҳонишавӣ дар асри ҳозир мушоҳида мешавад ва онро ҷомеашиносон “маниши миллӣ” ном ниҳодаанд. Рукни асосии маниши миллиро ҳувият ташкил медиҳад ва заъфи ҳувият инсонро намегузорад то ояндабин бошад. Ӯ беҳбудии хонаводагии хешро берун аз ҷомеаи шаҳрвандӣ тасаввур карда, ҳамеша дар садад мешавад, ки чӣ гуна авзоъи хонаводагии худро беҳтар гардонад. Ӯ фикр карда наметавонад, ки сарватҳои доштааш дар мулки рушднокарда суде надорад. Бинобар ин, бо дарназардошти чунин каҷфаҳмиҳо ба ғорат намудани мулки хеш камар бубаста, боиси эҷоди монеаҳо дар рушди давлатдории миллӣ мешавад.
Буҳрони ҳувиятро ҷаҳонишавӣ ба бор оварда, минбаъд низ беҳувиятиро талқин менамояд, аммо саҳеҳтар мебуд агар мегуфтем, ки ғолиб омадани ҳувияти фарҳангии амрикоӣ бар соири ҳувиятҳои фарҳангӣ минбарҳои фарҳанги миллиро танг намуда, ба онҳо пайравӣ аз тамаддуни Ғарбро илқо мекунад. Муҳаммад Абдураҳмон раванди ҷаҳонӣ шуданро таҳқиқ намуда, ба хулосае меояд, ки пайравӣ аз тамаддуни ғолиб маънии ҷаҳонишавиро намедиҳад, чунки башар имрӯз фарҳангҳоеро офаридааст, ки худ айни замон ҷаҳонӣ ҳастанд ва ҳеҷ зарурат нест, ки ҷаҳонӣ боз ҷаҳонӣ шавад: “Фарҳанги ҷаҳонии дар ҳоли рушду инкишоф қарордошта каме пештар фарҳанги англосаксонӣ ба шумор мерафт, ки он таърихан бо ахлоқи протестантӣ алоқаи зич дошт.

пешина
аз 303
навбатӣ