БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Аммо дар ҷаҳони муосир кам нестанд мамлакат ва ё минтақаҳое, ки дар раванди тӯлонии рушди таърих фарҳанги хосаи сатҳи ҷаҳониро ташаккул додаанд. Махсусан, Ҳиндустон, Хитой, ҷаҳони араб, Ҷопон, Фаронса ва Россия ба ин мисол шуда метавонанд, ки фарҳанги онҳо дар алоҳидагӣ ба низоми арзишҳои садҳо миллион одамон таъсири амиқ мерасонанд. Дар кишварҳои номбурда аксуламали миллӣ бар зидди ҷаҳонишавӣ нигаронида шуда, ҳамзамон дар миёни аҳолии онҳо рӯҳияи зиддиамрикоӣ низ ташаккул меёбад.
Бо дарназардошти чунин вазъият, як қатор муҳаққиқон, аз ҷумла С. Ҳантингтон дар бораи мухолифатҳои тамаддунӣ ибрози андеша намуда, низоъҳои муосири ҷаҳониро бо он асоснок менамояд. Аммо фоҷиаҳои охири асри XX, ки бо ҷангу инқилобҳо ҳеҷ иртиботе надоштанд, С.
Ҳантингтонро ба хулосае овард, ки раванди ҷаҳонишавӣ тамаддуни ягонаи ҷаҳониро ба вуҷуд наоварда, баръакс он бархурди тамаддунҳоро метезонад”121.
Доктринаи “Бархурди тамаддунҳо” дар аксар кишварҳои рӯ ба инкишоф, минҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аксуламали олимони гуногунсоҳаро ба вуҷуд овард. Юсуфҷонов Ф.М.
121 Муҳаммад А.Н. Инсон, сиёсат ва ҷомеа, - Душанбе: Империал-Групп, 2018, - с. 65.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё