БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

дар мақолааш таҳти унвони “Бархурд ва бархурондани тамаддунҳо? Нигоҳи Ғарб ба тамаддунҳои дигар” таълимоти мазкурро шадидан интиқод мекунад: “Низову бархурд байни тамаддунҳо на танҳо идома хоҳад ёфт, балки марҳилаи охирини таҳаввулоти низоъ дар ҷаҳони муосир хоҳад буд. Ин тезиси хотимавии Ҳантингтон як хулосаи хеле дағалу хом барои нигоҳ доштани рӯҳияи ҷанг дар зеҳни амрикоиҳо ва хонандагони дигари ғарбӣ буда, барои стратегҳои Пентагон ва роҳбарияти саноати мудофиавии ИМА, ки дар натиҷаи аз байн рафтани мизони пуриқтидори ҷаҳонӣ, монанди Иттиҳоди Шуравӣ, баъди як марҳилаи ба қавле ороми “ҷанги сард” фаъолияти асосии худро муваққатан аз даст дода буданд, уфуқҳо ва дурнамои нав барои анҷом додани фаъолияти васвосии (манякиашон) дар роҳи несту нобуд кардани давлатҳои осоиштаи ба ақидаҳои онҳо мухолиф ва ба таври сунъӣ ҷорӣ ва паҳн кардани демократия дар фаҳмиши онҳо, фароҳам меоянд.
Ин асари Ҳантингтонро метавон ҳамчун дастур ва тавсияи сиёсии стратегӣ арзёбӣ кард, на таҳлили муфассали илмии фарҳангҳо ва тамаддунҳо. Ҳантингтон, ба назари мо, ҳанӯз бо тарзи гуфтор ва рафти татбиқи тадқиқоташ хонандагони асараш ва муҳаққиқи таълимоташро гумроҳ месозад. Аксари далелҳои ӯ ба ақидаҳои ҷонибҳо ва шахсиятҳои дуюм ва сеюм асос ёфтаанд, ки фаҳмиши моро дар бораи он ки фарҳангҳо чӣ гуна таъсир, рушду таҳаввул мекунанд ва чӣ гуна онҳоро беҳтар фаҳмидан ва дарк кардан мумкин аст, маҳдуд мекунад” [www.osiyoavrupo.tj].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё