БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Аз ин натиҷагириҳо чунин бармеояд, ки ҷаҳонӣ шудан бо дарназардошти манофеи геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ ҷаҳонсозист ва агар саҳеҳтар иқрор кунем, ин раванд давоми ҳамон сиёсатест, ки бо номи “тасхири ҷаҳон” машҳур гаштааст ва асосгузораш низ Отто Бисмарк маҳсуб мешавад. Ин назарияи ғайрисаҳеҳ омили асосии сар задани ҷангҳои ҷаҳонист ва ҷаҳонишавӣ низ, ки ғолибан дар маънии “ғарбшавӣ” фаҳмида мешавад, ҷангҳову низоъҳои гӯшношунидеро ба вуқӯъ мепайвандад.
Дар ин маврид Муҳаммад Абдураҳмон ҷои дигар мегӯяд: “Аксари ҷомеашиносон ва сиёсатшиносони Ғарб раванди ҷаҳонишавиро ба таври мусбат баҳогузорӣ намуда, ҳамзамон қайд менамоянд, ки ин раванд боиси муттаҳидии сокинони сайёра гардида, низоъҳоро аз байн мебарад ва барои рушди устувори иҷтимоиёт, баробарҳуқуқӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум заминаи хуб фароҳам меоварад.
Аммо таҳлили воқеияти иҷтимоӣ ва сиёсӣ нишон медиҳад, ки раванди ҷаҳонишавӣ натиҷаҳои куллан баръаксро ба вуҷуд меоварад”122.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё