Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Академик Кароматулло Олимов дар иртибот ба мавзуи фавқ дахолат намуда, ин андешаро баён сохтааст: “Яке аз масъалаҳои ҷиддӣ дар баҳсҳои илмии муосир глобалисозии фарҳанг аст.
Ҷиҳати ташвишовари ин раванд паҳн шудани фарҳанги авомона аст, ки ба арзишҳои бузурги ахлоқӣ ва эстетикии миллӣ, хосатан миллатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иттилоотӣ камқудрат хатар эҷод карда, ба насли ҷавон таъсири манфии он бештар эҳсос мешавад. Ин масъала ба худшиносии фардӣ ва ҷомеа вобаста буда, дар кишварҳои ғарбӣ таваҷҷуҳи файласуфон ва фарҳангшиносонро дар солҳои охир бештар ҷалб кардааст”123. Тамаддуни Ғарб танҳо дар сурате рушди тасаввурнопазир кард, вақте ки уламои дину дунё ҷудо намудани динро аз давлат талаб намуданд. Мо бошем, андешаеро таблиғ менамоем, ки тибқи меъёрҳои он дину давлат якест ва ҳамоҳангии онҳо ҷудонопазир мебошад.
Ҳеҷ зарурате намемонад, ки шаҳрванд парчами сафед бардошта дар инқилоби исломӣ ширкат намояд, чунки интиқолдиҳандагони инқилобҳо аз зумраи ашхоси зархариде маҳсуб мешаванд, ки

122 Муҳаммад А.Н. Инсон, сиёсат ва ҷомеа, - Душанбе: Империал-Групп, 2018, - с. 99.

123 Олимов К. Истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ, - Душанбе:
2013, - с. 5.

пешина
аз 303
навбатӣ