БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

бо дастури аҷнабӣ дар дохили кишвари хеш
идеологияи таҳмилии бегонагонро роҳандозӣ
мекунад. С. Ятимов аз зумраи ашхоси
бохабарест, ки найранги асосии мубаллиғини
Ғарбро баррасӣ намудааст. Аз ҷумла дар китоби
ӯ ин гуфтаҳоро вомехӯрем: “Нисбати халқиятҳое,
ки пайрави ислом мебошанд, бозигарони
геополитикӣ маҳз аз ҳамин омили дин, истифода
мекунанд. Аниқтараш на худи дин, балки сиёсӣ
намудани аҳкоми он. Бо тағйир додани
хислатҳои транссендентӣ он ба олоти бозигарони
геополитикӣ мубаддал мегардад. Барои паҳнсозӣ
ва амиқгардонии ин ақида, ҳамасола миллиардҳо
доллар харҷ мешавад. Аҷоиботаш дар он аст, ки
худи Ғарб аз ин пушаймон нашуд. Барои он ки
имрӯз пурра аз муноқишаву низоъҳои динӣ дур
шудааст, чунин ҳолат ба диндорони одӣ ҳам хеле
писанд аст. Захираҳои давлатӣ ба самти рушди
иқтисодӣ-иҷтимоии худи миллат равона
мегардад, на ин ки ба муҳофизат аз терроризм,
экстремизм ва идеологияю таълимоти онҳо. Ғарб
инро озмуда, боварӣ ҳосил кард ва имрӯзҳо
шаклу принсипҳои дунявии давлатдориро пурра
татбиқ менамояд”124. Воқеъан, бо истифода аз
сиёсисозии дин ва аҳкоми он манфиатҳо дар
дилхоҳ манотиқ роҳандозӣ мешаванд, аммо
масъалаи дунявият хоси мусалмонон буда,
124 Ятимов С.С. Идеология ва манфиатҳои миллӣ, - Душанбе: Ганҷи нашриёт, 2015, - с. 21.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё