Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

афкори дунёбадбинӣ дар заминаи тафаккури тасаввуфи исломӣ таҳмил меёбанд. Бинобар ин, онҳое ки таҳмилгаро ҳастанд, аз таҷрибаи таърихии хеш воқиф ҳастанд, ки дунёбезорӣ тавассути қудрати дин бар давлат роҳ ба сӯйи инҳитот буда, ҷомеаи шаҳрвандиро аз рушду тараққӣ бозмедорад. Маҳз бо ҳамин сабаб онҳо барои ғалабаи ҳувияти динӣ бар ҳувияти миллӣ дар ҷомеаҳои исломӣ талош варзида, ҳатто маблағҳои гушношунидро сарфи назар мекунанд то ба мақсадҳояшон расанд. Дар сурати заъфи ҳувияти миллӣ мусалмонон, ба вижа тоҷикон низ дар хурофот мепечанд ва баҳсҳои дунявӣ сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ аз байн меравад. Бинобар ин, камина тасмим гирифтам, матни ба мавзуи фавқ бахшидашудаи ҷомеашиноси рус А. В.
Смирновро, ки ҷиҳати ҳувияти миллӣ - фарҳангӣ ва таносуби он бо ислом маҳсуб мешавад, аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷима намоям ва он мазмун ба сурати зайл мебошад: «Ислом, ки таърихан аз ҷониби намояндагони милали мухталиф пазируфта шуда, дар ҳама ҳолат василаи рафъи мушкилӣ ва масоили гуногуне маҳсуб мешавад, ғолибан чун нишонаи ҳувияти этникӣ пазируфта шуда, тибқи анъанаи мушаххас якмаром баррасӣ меёбад. Масалан, тотор, яъне мусалмон ва ба ибораи дигар қавми исломовар шинохта мешавад. Барои муслимин роҳи асосии худшиносӣ буда, ислом имкони хеле хуби вуруд ба ин фазои ҳувияти миллии сохташударо дорад.

пешина
аз 303
навбатӣ