БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Ва ин ҷо, албатта, хатари ҷиддӣ вуҷуд дорад. Ва дар ниҳоят, гуногунии фарҳангии исломӣ. Ислом на танҳо як эътиқод ва фарҳанг, балки тамаддун аст ва тавре ки мо хуб медонем, ҳеҷ фарҳанге ва тамаддуне ҷанг намекунанд. Эътиқодҳо наметавонанд дар мубориза барои ақл ва қалби одамон рақобат кунанд, зеро ҳар эътиқод мехоҳад исбот кунад, ки он ва танҳо он ҳақ аст.
Дар акси ҳол, ин эътиқод нест”. Аз зумраи муҳаққиқон бархе ҳувияти сохташудаи диниро омили асосии паркандагӣ ва аз густариш маҳрум мондани тоҷикон ном бурдаанд. Масалан, академик Кароматулло Олимов дар ин маврид таъкид кардааст: “Бепарвоӣ нисбат ба таъкиди тааллуқи миллии худ, омехта кардани тааллуқи қавмӣ бо тааллуқи динию мазҳабӣ ва ё маҳаллӣ худогоҳии миллиро хеле заиф намуда будааст.
Яке аз сабабҳои ин ҳодиса бетаваҷҷуҳӣ ва бемасъулиятии зимомдорон ба тараққӣ додани илмҳои табиатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ будааст, ки ҷаҳонбинии солим ва илмии мардумро ба вуҷуд меоварад”125. Яке аз мавзӯҳое, ки мавсуф ба пажӯҳиши он даст бурдааст, ин сатҳи худшиносии миллӣ маҳсуб мешавад. Аз назари ӯ худшиносии миллии тоҷикон тӯли замони
125 Олимов К. Истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ, - Душанбе:
2013, - с. 205.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё