Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

қаландария), аммо ҳақиқати тасаввуфи исломӣ
ин даъворо мункир мебошад. Даъват ба тарки
дунёро ҳеҷ дине истиқбол накардааст, аммо дар
таърихи башар афроде машҳур гардиданд, ки
хилватгузинӣ маслаки онҳо буд. Алҳол, навъҳои
мухталифи дунёбезорӣ бо дарназардошти
тамоили башарбадбинӣ дар татбиқи тахрибкорӣ
мушоҳида мешавад, аммо худкӯшиҳои муслимин
аслан дахлварзиҳои қудратҳоест, ки намехоҳанд
дар замони буҳрони ҳувиятҳо нуфузи ислом дар
ҷомеаҳои тавсияёфта назаррас гардад. Аммо
печидагиҳои номафҳум дар аҳди постмодернизм,
ки билкул анвои раҳбониятро инкор мекунад,
ҷиҳати ҳамгироии фарҳангҳо ва тамаддунҳо бо
дарназардошти аҳкоми эътиқодӣ осорхонаеро
мемонад, ки он ҷо ҳамаи партовҳои маънавии
тамаддуни Ғарб интиқол ёфтаанд. “Солиси
салоса” ва маслаки руҳбонӣ агар аз зумраи
бовариҳои динӣ бошад, пас интихоби гумоштаҳо
аз ҷумлаи афроди диндори ҷомеаҳои рӯ ба
инкишоф аз хотири чист? Чаро бузургбародарҳо
мутаваҷҷеҳи худ танҳо онҳоеро медонанд, ки ё
эҷодкор ҳастанд, ё худ пажӯҳандаи улуми
ҷомеашиносӣ, вале муосирсозӣ раванди дигаре
маҳсуб мешавад, ки ҷиҳати татбиқи он дар
ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф қудратҳои маҳаллӣ низ
талош меварзанд. Барои исботи ин фикр
Ҷумҳурии Тоҷикистонро мушоҳида хоҳем кард,
ки дар даҳсолаи ахир дар ин кишвар рушди тафаккури техникӣ ва болоравии сатҳи ҷаҳонбинии илмии шаҳрвандон беш аз дигар мушкилиҳо баррасӣ шуда, таваҷҷуҳ ба навовариҳои сатҳи ҷаҳонӣ афзудааст.

пешина
аз 303
навбатӣ