Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Бинобар ин, омилҳои фарҳангие, ки дар густариши ҳувияти фарҳангии ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф сад мегузоранд, падидаҳое ҳастанд, ки аз хориҷ таҳмил мегарданд ва маводи таҳмилшавандаи хориҷӣ аз инҳо иборат мебошанд:
-Таблиғи раҳбоният бо дарназардошти дунёбезорӣ;
-Сиёсисозии адён ва гиравидан ба тахрибкорӣ;
-Вогузории идеяи “бародарбузургӣ” дар симои кишварҳое, ки тибқи дастури Амрико сиёсати хориҷии худро роҳандозӣ мекунанд ва барои кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин бузургбародар Туркия ва Эрон маҳсуб мешаванд;
-Татбиқи муқобилгузорӣ ва бо истифода аз он эҷод намудани моҷароҳои марзӣ.
Агар наздикшавии фарҳангҳо ва тамаддунҳо дар асри ҳозир мушоҳида шавад, ҳамон андоза аксуламал дар байни миллатҳову давлатҳо ба назар мерасанд ва бешубҳа, муборизаи ошкору ниҳон дар ҳамаи самтҳои фарҳангиро мо мебинем ва дарк менамоем, ки ҳамоҳангии фарҳангӣ бештар дар коғазҳо ва ҳуҷҷатҳои гуногун маҳфуз мемонанд. Барои исботи ин фикр ба замони паҳншавии ислом рӯ меорем, ки навъи “арабшавӣ” дар Осиёи Марказӣ мушоҳида мешавад.

пешина
аз 303
навбатӣ