Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Султон Наврӯзов ин тамоили байнифарҳангиро мақбул намедонад, чунки раванди таҳмилёбии фарҳанги бегона агар дар гузашта иҷборӣ будааст, айни замон тамоили мазкур бо ниқоби бартарӣ доштани фарҳанг ва тамаддуни ғолиб дар ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф татбиқ мегардад: “Тоҷикон худ аз лиҳози пайдоиши этникӣ дигару аммо дар онҳо забону фарҳанг ва менталитети дигар ҳукумат мекунад, ҳатто пӯшишҳою дини онҳо, ки ғосибони араб бар онҳо таҳмил намудаанд, арабӣ мебошанд.
Гӯё мо мавҷуди этникии мансуб ба дуфарҳангӣ ҳастем. Бинобар ин, муллоҳои камсавод мехоҳанд моро барои дар доми хеш гирифтор карданамон ҳамаи самтҳои ҳаётиро суиистифода карда, дину оин ва фарҳангу пӯшишҳои аҷнабиро барои тоҷикон тавсея менамоянд”128. Инсон новобаста аз синну сол такмил меёбад ё худ дар мукаммал гардидани ӯ лаҳзаҳои синну солӣ чун ҷавонӣ, айёми барпо намудани оила ва тадриҷан истиқлол ёфтан аз волидайн, давраи куҳансолӣ ва амсоли инҳо мавқеъ доранд. Ва аммо инсонҳо дар синну соли муайян ҳадафҳои муайянро думбол менамоянд ва чун як давраи таърихиро аз ҳаёти хеш гузаштанд, бинобар авзои нав ба вуҷуд омада дар назди худ мақсадҳои нав вогузор

128 Наврузов С. Синдром деформированного сознания, - Душанбе:
Санадвора, 2016.

пешина
аз 303
навбатӣ