БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

мекунанд, ки ин тағйирхӯрӣ дар афкори инсонҳо
аз такмил пазируфтани зеҳни онҳо гувоҳӣ
медиҳад. Масалан, дар ҷавонӣ ба таваллуди
чандин фарзанд мусоидат намуда, ин руйдодҳоро
санаи таърихии зиндагӣ медонанд ва аз онон
фараҳманд мегарданд, аммо пас аз ду даҳсола
ҳангоми рафъи мушкилиҳо мутафаккир хоҳанд
шуд, ки чаро дар ҷавонӣ ҷиҳати таваллуди мисл
зиёдаравӣ намудем? Дар дигар ҷомеаҳо одати
издивоҷ ва барпо намудани оила қариб аз байн
рафта, роҳҳои нави таваллуди мисл бо дар
назардошти пешравии илму техника ва
болоравии сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон пайдо
шудааст ва зану мард, ки бидуни никоҳ бо ҳам
зиндагӣ менамоянд, пойбанди якдигар набуда,
озодона умр ба сар мебаранд, вале онҳо низ бо
гузашти вақт дар ясу навмедӣ ғутавар гардида, аз
худ суол мекунанд, ки чаро ин корро карданду
дигариро не? Вале суол ин ҷо матраҳ мешавад, ки
чаро ҷои фарҳангу тамаддуни хеш аз ҷониби
аҷнабӣ фақат мазҳабу ҳиҷобу ҷиҳод ва
анъанаҳои муфлискунанда бар мо таҳмил
меёбанд? Чун инсон ояндабин нест ва қудрати
танзим намудани умури хонаводаашро надорад
ва пайваста бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешавад, ба
машварати афроди бегона ниёз дошта, ба онҳо
имкон ба вуҷуд меоварад, ки дар масоили
хонаводагии ӯ дахл намоянд, яъне дахолат
варзидан дар дохили оила аз хориҷ сарчашма

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё