БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Аз назари мо, ҳамаи навъҳои гироиш пайравиест, ки инсон ҷиҳати маҳви хеш рӯ бар ғайри худ меоварад. Ҷомеаҳои тавсияёфта дар замони муосир дар сурати асл (original) қарор дошта, ҳеҷ гироише бар ғайр накардаанд ва ҳар рӯз барояшон муосир аст, аммо дар ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф инсонҳо дар фикри анҷом додани рисолати гиравандагӣ ҳастанд ва рушди худро бидуни дахолати бегона тасаввур намекунанд.
Агар маорифпарвариро гомҳои нахустини муосирсозӣ пиндорем, пас ягона мунаққиди ҷомеаи дар ғафлат қарордоштаи аморати Бухоро Аҳмади Носируддин аст, ки бо унвони Дониш машҳур асту рисолаҳое чун “Наводир-ул-вақоеъ” ва “Меёр-ут-тадайюн” ба мерос гузоштааст.
Лекин ақоиди басе муфид ва раҳнамои ин шахсияти таърихӣ то кунун дар зеҳни тоҷикони муосир ҳамон гуфтаҳои фарангӣ ҷиҳати аз ток мева хӯрдани муслимин таъсир нагузоштааст. Ба вижа, дар илми муосир Аҳмади Дониш дар васати ду ҷаҳонбинӣ муаррифӣ мешавад, ки яке маорифпарварист ва дигаре ҷадидия маҳсуб меёбад, аммо мутафаккир чун ҷадидон ҷавонбухорӣ набуд ва дастпарвардаи макотиби такмилии хориҷ аз қаламрави Аморат намебошад. Гузашта аз ин, ҳамаи андешамандони Бухоро ва Самарқанд дар охирҳои садаи XIX ва аввалҳои асри XX ҷову беҷо пайравии хешро аз афкори Аҳмад махдуми Бухорӣ иқрор шуда, нақши ӯро дар фазои маънавии ҳамонвақтаи Аморат хеле барҷаста муаррифӣ сохтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё