Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Аммо ҳеҷ кадом аз онҳо бо Махдум қиёспазир нест ва танҳо Мароғаӣ бо асари машҳураш таҳти унвони “Сайёҳатномаи Иброҳимбек” ва Мавлоно Иқболи Лоҳурӣ бо таълифоти насриаш зери номгузории “Эҳёи фикри динӣ дар ислом” бо шоҳасари Аҳмади Дониш “Наводир-ул-вақоеъ” мавриди баррасӣ қарор бояд гирифт. Чунки дар нимаи дуввуми асри XIX дар як замон чандин рисолаҳои маорифпарварона иншо гардидааст, ки яке аз зумраи чунин рисолаҳои сиёсӣ асари маъруфтарини Аҳмад Махдуми Дониш бо номи “Наводир-ул-вақоеъ” маҳсуб мешавад.
Нависандаи эронӣ Мароғаӣ низ дар рисолаи иншошудааш бо номи “Саёҳатномаи Иброҳимбек” муҳити тангу тор ва фисқу фуҷури Эрони онзамонро ба қалам оварда, дар зиндагии қаҳрамони асар ҳубби Ватанро таҷассум намудааст. Аз ҷумла, мусанниф менигорад, ки давлату миллат агар дар шакл аз ҳамдигар ҷудо ҳастанд, аммо дар маънӣ воҳиданд ва давлатдор касеро гӯянд, ки Ватан бо номи миллати ӯ муаррифӣ мешавад. Ҳамчунин, Аҳмади Дониш низ дар “Наводир-ул-вақоеъ” омили ҳастии башарро дар ободу хуррам сохтани дунё муаррифӣ намудааст: «Ва моро овардаанд то ҷаҳон обод дорем ва баҳрҳо ва конҳо бикшоем ва аҷоиботи олами арконро зоҳир намоем.

пешина
аз 303
навбатӣ