Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Аммо ҳамин
бузургбародарӣ фарҳангфурӯшист ва фақат аҳли
зиёи кишвар чи дар гузашта ва чи дар замони
муосир ба таблиғи фарҳанги бегона пардохта, аз
ин ҳисоб мавқеи иҷтимоии хешро беҳтар
сохтаанд. Дар даҳсолаҳои аввали садаи XX фақат
ҷавонбухориён, ки нусхаи ҷавонтуркон буданд,
ҳадаф аз мавҷудияти хешро дар ин медиданд, ки
аморати Бухоро дар ихтиёри Русия намонда,
ҷузве аз аҷзои Туркияи побанд ба қудрати
бритонӣ бошад. Алҳол, тоифаеро аз зумраи он
ҷавонгироӣ маорифпарвар гуфта, дунболи онҳо
рафтаанд ва мехоҳанд бузургбародаре дар умури
сиёсии кишвар дахолат дошта бошад. Магар аз
ин бештар бегонагироӣ мешавад? Андешаи
“бародари бузург”, ки аксар уламои кишварро
бар худ мутаваҷҷеҳ сохтааст, дар асл яке аз
роҳҳои дар майл ба ғайр қарор додани ҷомеаҳои
рӯ ба инкишоф маҳсуб мешавад. Аҷобатро дар он
мебинем, ки донишмандон дигар менависанд,
аммо дар рузгор мухолиф бар гуфтаҳои хеш амал
мекунанд. Ба ҳар навъе ин тамоил ҳақиқати талх
аст, ки дар ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф мушоҳида
мекунем ва бегона низ хеле хуб дарк кардааст, ки
авомро агар дар майдонҳои даргирӣ истифода
кунад, пас аҳли зиёро метавон ба гиравидан сӯйи
ғайр равона кард. Бешубҳа, ин ҳақиқатро дар
нигориши аксар афроди пажӯҳишгар мутолеа
мекунем, ки дар ҳоли ночор мондани мусаннифро ифшо месозад.

пешина
аз 303
навбатӣ